Шарҳи Махфият

Шумо профили Махфияти худро ба пуррагӣ идора мекунед

Getcontact Маркази Идоракунии Махфият ба шумо оид ба ахбороти профили шумо ва кадом маълумот барои нафарони дигари ҷамъият намоён аст назорати пурраро пешниҳод менамояд. Шумо профили худро дар вақти дилхоҳ дар барнома тағйир дода метавонед, инчунин инҷо профили худро бекор карда метавонед. Маркази идоракунии Махфият барои ҳама, аз он ҷумла барои нафарони обуна нашуда дастрас мебошад.

Маълумоти шахсиро мо намефурӯшем

Мо мехоҳем, ки шумо боварӣ дошта бошед, ки маълумоти шахсии шуморо мо бехатар ва дар ҳифз нигаҳ медорем. Мо ягон маълумоти шахсиро ба шахсони сеюм намефурӯшем. Барои он ки ҳама аз хизматрасониҳои мо баҳра баранд, мо онро ройгон пешниҳод менамоем ва бо шарикони таблиғотӣ, ба монанди Google ва Facebook ҳамкорӣ мекунем. Корбароне ки мехоҳанд таҷрибаи бетаблиғ ва баъзе хусусиятҳои васеъ дошта бошанд, метавонанд ба бастаҳои Premium -и мо обуна шаванд.

Мо ҳамеша розигии шуморо барои Иҷозатҳо дархост хоҳем кард

Мо ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳем, то боварӣ ҳосил намоем, ки барои иҷрои хизматрасониҳои Getcontact чӣ гуна иҷозатҳо лозиманд ва шумо аз таҷрибаи беҳтарин баҳра баред. Вобаста аз он хусусиятҳое, ки шумо истифода мебаред, мо иҷозатномаҳои лозимаро талаб менамоем. Аммо ин иҷозатҳо ҳамеша қатъиян дар доираи розигиатон, ки пештар ба шумо фаҳмондашуда буд, истифода мешаванд. Барои маълумоти иловагӣ, лутфан Сиёсати Махфият моро хонед.

Мо Дастгирии Мизоҷонро дар 24/7 пешниҳод менамоем.

Дастаи махсуси дастгирии мизоҷони мо 24/7 дастрас аст, ки ба шумо дастгирии техникӣ ё маълумоти мизоҷиро пешниҳод намояд. Агар шумо ягон савол дошта бошед ё мехоҳед дар бораи Getcontact маълумоти бештар гиред, шумо метавонед бо дастаи дастгирии мо ҳар вақт пайваст шавед.

Маълумоти шахсии шумо тавассути кукиҳо дар вебсайти мо коркард карда мешаванд. Дар ҳоле ки кукиҳои зарурӣ барои фаъолият ва амнияти сайт истифода мешаванд, дигар кукиҳо барои фардисозӣ ва таҳлил истифода мешаванд. Шумо метавонед танзимоти кукиҳои худро идора кунед ва дар cookie-и мо маълумоти бештар пайдо кунед.